Афзоиши бемории саратон дар Тоҷикистон
Имрӯз,8-уми декабр Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди президент дар мавзӯи масоили пешгирии бемориҳои саратони занон семинари омӯзише баргузор намуданд.
Зарина Қурбонбекова, ҳамоҳангсози барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и ннститути мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки омӯзишро мутахассисони соҳавии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузаронидаанд: « Пас аз тренинги мазкур барои додани машварат дар маҳалҳо аз 11 то 18-уми декабр гузаронидани сессияҳои хурди сайёр ва муоинаи занон дар вилоятҳои Суғд (ш. Кайроққум ва Табошар) ва Хатлон (ш. Кӯлоб ва н. Вахш) дар назар аст».
Дар ин семинар 50 нафар намояндагони шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони марказҳои бӯҳронии занони ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Гуфта мешавад, саратони ғадуди сина аз маъмултарин бемориҳои онкологии занон маҳсуб мешавад ва ҳамасола дар ҷаҳон кариб як миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ки теъдоди онҳо дар ҳоли афзоиш ёфтан аст .
Дар Тоҷикистон аз рӯи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ҳар сол беш аз 250 нафар ба саратони ғадуди сина гирифтор мешаванд, ки синни аксарашон 45-54- сола аст. Беш аз 70 фоизи гирифторони беморӣ ҳангоми ба дараҷаи 3 ва 4-ум расидани саратон ба духтур муроҷиат мекунанд, ки амалан он табобатнашванда аст.
Манбаъ мегӯяд, феълан ҳолатҳои пурра табобат ёфтани беморони саратони ғадуди сина ба назар мерасад: «Барои ин сари вақт, дар ҳолати нав пайдо шудани нишонаҳои саратон, бемориро муайян карда ба табобат шурӯъ кардан лозим аст».