Баррасии дастгирии синфи миёнаи аҳолӣ
Дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи кумитаи тадорукот оиди гузаронидани конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ оид ба рушди институтсионалии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ҳадафи ин ҳамоиш баланд бардоштани самаранокии соҳибкории ватанӣ дар асоси такмили омилҳои институтсионалӣ ва рушди ояндаи фазои институтсионалии соҳибкорӣ мебошад.
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо зимни ин нишаст иброз намудааст, ки яке аз самтҳои асосии «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дастгирии синфи миёнаи аҳолӣ мебошад: «Аз ин лиҳоз, баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ метавонад дар самти татбиқи ҳадафҳои Стратегияи мазкур мусоидат намояд».
Дар ҷамъомади мазкур ҳамчунин муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ М.Маҳкамова, муовини аввали раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияи соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Ш.Бозоров, менеҷери лоиҳа аз IFC Кристофер Д.Миллер, ҳамоҳангсози барномаи иқтисодии SECO М.Иброҳимова, раиси раёсати Маркази бозори озоди Тоҷикистон К.Бондаренко ширкат намудаанд.