КМО: Қаҳрамонии Мавзуна Чориева қудрати бонуи тоҷикро нишон дод
Дар шаҳри Турсунзода семинар таҳти унвони «Зани солим ҷомеи солим бунёд мекунад» баргузор гардид.
Ин ҳамойиш бо ибтикори Кумитаи олимпӣ дар якҷоягӣ бо Ассотсиассияи бонуварзишгарони Тоҷикистон ва бо ширкати бонувони фаъоли шаҳри Турсунзода ҷараён гирифт.
Тавре ба Озодагон аз дастгоҳи иҷроияи КМО-и кишвар итттилоъ доданд, дар ин нишаст Котиби генералии Кумитаи олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев бори дигар таъкид намуд, ки қаҳрамонии бонуи тоҷик Мавзуна Чориева қодирию далерии зани тоҷикро дар соҳаи варзиш исбот намуд ва мо имрӯзҳо мақсад дорем, шумораи чунин бонувонро ба варзиш бештар ҷалб намоем.