Дар доираи Барномаи фарҳангии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, бо дастгирии Бахши маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА ва дар якҷоягӣ бо бахшҳои радиои “Овози Амрико” дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 10 то 17 декабри соли ҷорӣ гурӯҳи овозхонони амрикоӣ “Делла Мэй” ба Тоҷикистон меояд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Сафорати Амрико иттилоъ доданд, ба ин муносибат рӯзи 13 декабри соли 2012 соати 18:00 дар толори консертии меҳмонҳонаи ВЕФА консерти гурӯҳ баргузор мешавад ва даромад ба он ройгон аст.
«Делла Мэй» - гурӯҳи муосири фолклорӣ аз шаҳри Бостон, иёлоти Массачусетси Амрико мебошад. Гуфтанист, Тоҷикистон давлати шашум ва охирини сафари консерти гурӯҳ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ аст. Қаблан, ин гурӯҳ ба Покистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон низ рафта буд.