Дар ин бора тариқи телефон чанд тан аз сокинони рустои Сароб ба Озодагон иттилоъ доданд.
Ба қавли манбаъ, ҳаракат дар роҳ ба осоишгоҳи мазкур ва деҳаи Сароб, ки дар наздикии он воқеъ аст, барои воситаҳои наклиёт манъ шудааст. Дар ҳамин ҳол, аз ин қитъаи роҳ танҳо мошинҳои махсус метавонанд, ҳаракат кунанд ва на ҳамаи нақлиёт ҳаққи убур карданро дорад: «Тахмин меравад, ки ин мавзеъ аз ҷониби тоҷире харидорӣ шуда, ба моликияти хусусӣ табдил дода мешавад
Ҳамзамон, Қаҳҳор Қаҳрамонов, як масъули осоишгоҳи «Сароб» мегӯяд, оби нӯшокӣ ва табобатии маъданӣ ба осоишгоҳ намерасад: «Барқ низ дар ҳама биноҳои он хомӯш шудааст. Сабабҳои маҳдуд шудани интиқоли об ва камбуди барқ маълум нест».
-Ҳама ноқилҳо ва таҷҳизоти барқӣ дар ҳоли ҳозир нуқси техникӣ надоранд,-афзуд Қаҳрамонов.
Бо ба даст омадани маълумоти бештар тафсилот дар Озодагон нашр хоҳад шуд.