Дипломати тоҷик ба саволҳои донишҷӯёни Берлин ҷавоб гуфт
Имомудин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон бо устодону пажӯҳишгарон ва донишҷӯёни Донишгоҳи озоди Берлин (Freie Universität Berlin) мулоқот намуд.
Аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Сатторов дар ин вохӯрӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон суханронӣ намудааст: « Дар маърӯзаи худ Имомудин Сатторов дар бораи рушди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи муосир ва инчунин ислоҳоту барномаҳое, ки бо ҳадафи тақвияти нақши институтҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такмили соҳаҳои иҷтимоӣ ва инкишофи бемайлони иқтисодиёти миллии кишвар равона шудаанд, нақл намуд».
Гуфта мешавад, дар ин нишаст ҳамчунин иқтидори сармоягузорӣ, муҳимтарин лоиҳаҳои иқтисодию энергетикӣ ва шароити мусоиде, ки барои сармоягузорони хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд аст, муаррифӣ шудааст.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон ба саволҳои сершумори донишҷӯён дар мавриди татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, равандҳои ҳамгироии иқтисодии минтақа ва иштироки кишварамон дар барқарорсозии иқтисоди Афғонистон посухҳои муносиб дод.
Мавриди зикр аст, Донишгоҳи озоди Берлин бузургтарин ва яке аз муҳимтарин марказҳои омӯзиш ва илмии Олмон маҳсуб мешавад. Ин донишогоҳ соли 2007 ба рӯйхати нӯҳ донишгоҳи маъруфи Олмон ворид карда шуд. Дар донишгоҳи мазкур ҳудуди 36 ҳазор донишҷӯ дар 16 риштаи мухталиф таҳсил мекунанд.