Академияи футболи «Истиқлол» бо ширкати президент ифтитоҳ шуд
Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як мактаби нав ва оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ростои таҷлили 3000-солагии Ҳисор ба ин ноҳия ташриф овард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, райисҷумҳур нахуст ба деҳаи Ғайратободи ҷамоати деҳоти Сомон ташриф оварда, мактаби нави ин деҳаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Зимни шиносоӣ бо шароити мактаб иттилоъ дода шуд, ки он бо 24 синфхона барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Баъдан, дар шаҳраки Ҳисор ва атрофи он ба сохтмони қариб 10 иншооти ҷашнӣ, ки то соли 2015 ба истиқболи солгарди 3 ҳазоруми Ҳисори шодмон бояд сохта ба истифода дода шаванд, оғоз бахшид.Бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда нахуст ба сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд, оғоз бахшида шуд. Дар ҳудуди варзишгоҳи марказӣ, ҳамчунин қасри намудҳои гуногуни варзиши обӣ, корти тенниси калон, нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва дигар хизматрасониҳо бунёд хоҳад ёфт.Иншооти муҳими дигаре, ки дар арафаи ин ҷашн бояд ба истифода дода шавад, Муҷтамеи гимназияи президентӣ мебошад.
Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Корхонаи бузурги металлургӣ дар ноҳияи Ҳисор шинос шуд.Чунонки иттилоъ доданд, ҳоло дар сохтмону таҷҳизи ин корхона наздики 200 нафар бо кор таъмин шудаанд ва тадриҷан шумораи бинокорон ба 480 нафар хоҳад расид.Корхона дар 2 навбат ба кор дароварда мешавад. Навбати аввали он моҳи майи соли 2013 ба кор медарояд ва дар он солона то 450 ҳазор тонна оҳанпора коркард хоҳад шуд. Аз оҳанпора дар он арматура, профил ва дигар масолеҳи металлии сохтмон бо қутрҳои гуногун истеҳсол хоҳад шуд. Дар навбати дуюми корхона бошад, истеҳсоли чунин маҳсулот аз хокаи оҳан ва дигар маъданҳо, ки аз конҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дастрас мешавад, ба роҳ монда хоҳад шуд. Ҳангоми пурра ба кор даромадани корхона дар он беш аз 2600 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Манбаъ афзуд, дар дараи Алмосӣ, ки аз беҳтарин минтақаҳои истироҳату саёҳат ба шумор меравад, бо иштироки президент Академияи футболи дастаи Истиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло дар ин ҷо биноҳои маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳ, ошхона, ҳаммом ва майдонҳои машқу тамрини футбол ва тарбияи ҷисмонӣ дар маҷмӯъ барои қабул ва таълиму тарбияи футболбозони наврас омода гардидааст.Дар ин ҷо ҳоло аз миёни 2 ҳазор нафар довталабон тариқи озмун 80 нафар наврасон қабул шудаанд ва қабули довталабони дигар тавассути озмун идома дорад.Академияи футболи Истиқлол бо ҳолати имрӯза имкон дорад, ки 140 нафар наврасонро барои омӯзиши футбол қабул намояд.