«Старбакс» андоз намесупорад
Ширкатҳои «Старбакс», «Гугл», «Фейсбук», «Эппл» ва «Амазон» Британияи Кабирро дар рӯйпӯшкунии пардохти андоз муттаҳам мекунанд.
Парлумони Британияи Кабир аз ҳукуматдорони кишвараш оид ба ҷорӣ намудани фишор нисбати коргоҳҳое, ки андозро дар дигар кишварҳо пардохт мекунанд даъват ба амал овардааст.
Танҳо ширкати «Старбакс» давоми 3 соли охир умуман ба буҷети мамлакат андоз насупурдааст. Роҳбарияти коргоҳи номбурда зимни ҳуҷҷатгузорӣ ба ҳукуматдорони Британияи маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда, аз пардохти он дурӣ меҷӯстааст.
Ин дар ҳолест, ки тайи ин муддат фоидаи ширкати мазкур беш аз 1 миллиард фунт-стерлингро ташкил додааст.