Бонки миллӣ ба донишҷӯёни аълохон идрорпулӣ медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон аз ин пас барои донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон барои дастгирии иловагии молиявии онҳо идрорпулӣ (стипендия) ҷудо мекунад.
Аз бонки мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки он донишҷуёне метавонанд соҳиби идрорпулӣ гарданд, ки давраи омӯзиши худро бо натиҷаҳои аъло дар фаъолияти таълимӣ ва илмӣ ба анҷом расонанд.
Гуфта мешавад, ба донишҷӯёни солҳои 3-ум то 5-уми таҳсилоти рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон (ихтисосҳои бонкдорӣ ва технологияҳои иттилоотӣ), ки дар давоми хониш танҳо бо баҳои аъло таҳсил кардаанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, соҳиби идрорпулии ин бонк хоҳанд шуд.
Манбаъ мегӯяд, идрорпулӣ фақат барои як давраи хониш таъин карда мешавад ва барои донишҷӯе ин гуна идрорпулӣ пешбинӣ шудааст, ки бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошад: «Донишҷӯе, ки як семестр стипендияи номӣ гирифтааст, метавонад дар семестри дуюм низ ин гуна стипендияро бе иштирок дар озмун соҳиб шавад, агар ба ҳамаи талаботҳо ҷавобгӯ бошанд. Донишҷӯёне, ки як сол стипендияи номӣ гирифтаанд, метавонанд такроран дар озмуни соли дигар иштирок кунанд».
Агар донишҷӯ дар давраи ояндаи баъд аз таъини идрорпулӣ баҳои аъло нагирад, аз гирифтани идрорпулӣ маҳрум мешавад ва дар ин ҳолат роҳбарияти донишгоҳ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлати 10 рӯз маълумот диҳад.