Ба ёди академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ
Бухоро, эй ҳисори дури руъёӣ
Ҳало, эй ҳайкали фарёди танҳоӣ,
Ҳало, эй камбағал аз лафзи бобоӣ,
Туро буд охирин иксири дороӣ
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ.
Ҷабини нозанинаш тахти Яздон буд,
Чунон софу чунон покиза чун ҷон буд,
Ки хатти сарнавишташ ҳам намоён буд.
Дили ойинаву фарри Аҳуроӣ,
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ.
Душанбе аз шакуриҳо дилоро шуд,
Душанбе аз шакуриҳо гуворо шуд,
Душанбе аз шакуриҳо Бухоро шуд.
Сано бар инчунин зӯрутавоноӣ,
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ!
Ҳузуре аз шукӯҳи Оли Сомон дошт,
Бузургие зи Сино дар раги ҷон дошт,
Замираш дидаҳои Рӯдакихон дошт,
Зи Айнӣ дошт хушбиниву доноӣ
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ.
На танҳо обрӯи Тоҷикистон буд,
Хуросонӣ буду фахри Хуросон буд,
Сиёвуши нави Тӯрону Эрон буд
Ва будаш бо ялони нев ҳамтоӣ,
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ,.
Падар ӯро агар қозии халқон буд,
Худ ӯ қозии арбоби сухандон буд.
Иёри санҷишаш инсофу имон буд.
Аз ӯ омӯхт аҳли дил шакархоӣ,
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ.
Душанбе он чунон ки дар ҷавониаш
Гирифт ӯро ба оғӯши амониаш,
Кунун шуд хобгоҳи ҷовидониаш,
Чу модар хонадаш бо меҳр лолоӣ,
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ.
Ато Мирхоҷа
Дар сӯги устод Муҳаммадҷони Шакурӣ"Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд"
Бо ёди ту, эй марди калому сухан ояд.
Девори дигар даври Бухоро суханат буд
Шево сухане, к-аз дари ҷон дар бадан ояд.
Аз шаҳри Бухоро нафаси зиндаи тоҷик
Аз файзи вуҷуди ту ба тарфи Ватан ояд.
Рушангари кошонаи Сомонӣ ту будӣ
Рафтиву ғаму ғусса зи ҳар анҷуман ояд.
Бо рафтани пурдарди ту аз олами фонӣ
Парчам ба Душанбе ба назар чун кафан ояд.
Ҳар кас, ки аз ин пас сухани тоҷикӣ гӯяд
"Аввал суханаш номи ту андар даҳан ояд.
Аъзами Хуҷаста
Хуршеди раҳи илм чӣ зуд аз сари мо рафт,
Девори бухорои cухан аз бари мо рафт.
Он хусрави маънӣ, ки хиромид ба ғайбат,
Аз тоқи ҷаҳон шеду маҳу ахтари мо рафт.
Дар маҳзари ӯ то дили афлок расидем,
Бо пар-пари шоҳини сухан шаҳпари мо рафт.
Дарёи маъонӣ буду уқёнуси ирфон,
Сад мавҷ хурӯше заду з-он гавҳари мо рафт.
Дар ҷанги рақибони сухан Рустами дастон
Бо ишқи забон Золи қавипайкари мо рафт.
Бишкаст дигарбора пару боли садоқат,
Аз майкадаи сидқ чу сардафтари мо рафт.
Ҳам Садри Зиё буд ва ҳам садри Бухоро,
Он садри Бухорои зиёпарвари мо рафт.
Бинвишт ғами дил қаламангушти таассуф,
Сайд ҳайфу дареғо, ки сухангустари мо рафт.
Нуралии Нурзод