Э. Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид, аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳайатҳо як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бино ба иттилои маркази матбуотии президент, барои ширкат дар ин ҳамоиш президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин сарони дигар давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Украина, Узбекистон, сарвазири Молдова, сарвазири Озарбойҷон ва вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Ашқобод сафар намудаанд.
Дар ҷаласаи мазкур наздики 20 масъала, аз ҷумла масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва вобаста ба фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва шабакаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои аъзои ин созмон баррасӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо бештар ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия ва энергетика буд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст изҳор доштааст, ки муносиботи иқтисодӣ заминаи асосии ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳои дигар мебошад ва бе рушди дилхоҳи кор дар ин самт робитаҳои сиёсӣ ва илмию фарҳангии мо наметавонанд густариши судманд дошта бошанд.
Эъломияи сарони кишварҳои ИДМ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба, қарор дар бораи таҷлили 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ барои ташкили бозори якҷояи асъори хориҷӣ ва созишномаҳо доир ба омодасозии мутахассисони сохторҳои зиддитеррористӣ ва таъмини моддию техникии чунин мақомот аз ҷумлаи санадҳои имзошуда дар ин ҷаласа мебошанд.