-Дэнс то имрӯз ба огоҳиҳои мо ҳеч вокунише нишон надодааст, гуфтаанд, кормандони хадамоти хоҷагии манзиливу комуналии шаҳри Маскав. Гуфта мешавад, дар 26 моҳи охир барои хонаи сеҳуҷрагии худ дар маркази пойтахти Русия ҳатто як тини зардак ҳам насупурдааст. «Агар ояндаи наздик овозхон қарзҳояшро баробар накунад, алайҳаш ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд», менависад newsmusic.ru.
Аризаи шикоятӣ аллакай омода аст, вале кормандони хадамот ҳанӯз умедворанд, ки Лада Дэнсро виҷдонаш ором нагузошта, қарзҳояшро пардохт мекунад. Ҳамсояҳои овозхон бошанд, гуфтаанд, ки Лада кайҳост, ки дар ин манзил истиқомат накарда онро ба иҷора додаст.
Хело ҷолиб-а, худаш ҳақи иҷораро мегирад, аммо барои хизматрасониҳои комуналӣ пул намедиҳад.
Шояд рӯзе дар Тоҷикистон ҳам рӯйхати сарояндаҳои аз газу барқу об қарздор дастраси омма мешавад. Ба фикри шумо қарздортарин сарояндаи тоҷик кӣ аст?