Ҳамзамон, Конуни байналмилалии Олимпур тасмим дорад, дар ин намоишгоҳ СD-и барномаи радиоии "Аз Душанбе то Лос-Анҷелес"-и Муҳиддини Олимпур ва фиттаи DVD-и консерти Саттор, овозхони шинохтаи эрониро, ки дар моҳи январи соли 1995 дар Кохи Борбади Душанбе баргузор шуда буд, муаррифӣ кунад.
Маврид ба ёдоварист, Муҳиддини Олимпур 13-уми декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе аз сӯйи силоҳбадастон ба қатл расид. Олимпур он замон хабарнигори бахши форсии радиои Би-би-сӣ дар Тоҷикистон буд.Баъдтар чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар қатли журналист муҳокима ва зиндонӣ шуданд.