Беш аз 29 ҳазор нафар Тоҷикистонро тарк кардаанд
Дар Тоҷикистон шумораи нафароне, ки ҷои истиқомати худро иваз намуда, аз Тоҷикистон кӯчида рафтаанд сол то сол бештар шудааст.
Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон шумораи нафароне, ки давоми 9 моҳи соли равон Тоҷикистонро тарк кардаанд ба 29 ҳазору 958 нафар расидааст.
Шумораи нафароне, ки тайи ин муддат аз Тоҷикистон кӯчида рафтаанд ба ҳисоби миёна рӯзе ба 82 нафар рост меояд.
Дар баробари ин шумораи онҳое, ки кӯчида ба Тоҷикистон омадаанд дар як рӯз 66 нафарро ташкил медиҳад.
Яъне ба Тоҷикистон дар моҳҳои январ- сентябр 24 ҳазору 283 нафар кӯчида омадаанд.
Масъулини агентии омор мегӯянд, аз ҳисоби муҳоҷират танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аҳолии ҷумҳурӣ 5 ҳазор 675 нафар кам шудаст: «Шумораи муҳоҷироне, ки соли гузашта Тоҷикистонро бо иваз намудани ҷои истиқомати дигар тарк кардаанд 5 ҳазору 628 нафар мебошанд, ки ин нишондод нисбати соли гузашта зиёд мебошад».
Таҳлилгарони агентии омор илова намудаанд, ки соли гузашта аз ҳисоби муҳоҷират шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон 5 ҳазору 628 нафар коҳиш ёфта буд.