Муҳаммад Алӣ «Шоҳи бокс» эълом гардид
Муштзани 70- сола, маъруфтарин боксчии ҳама давру замонҳо дар 50-умин ҷаласаи Шӯрои ҷаҳонии ин навъи варзиш (WBC) «Шоҳи бокс» эътироф шуд.
Ин ҳамоиш дар шаҳри Канкуни Мексика сурат пазируфт. Барои саҳми арзанда дар рушди варзиш ва бокси ҳирфаӣ ба ӯ унвони фахрӣ ва камарбанди «алмосӣ»-и қаҳрамони ҷаҳон ва тоҷи «шоҳӣ» тақдим шуд. Тоҷро ба сари Муҳаммад Виталий Кличко, дорандаи ҷоизаи WBC ниҳод. Камарбандро бошад, Серхио Мартинеси аргентинӣ ба миёни Алӣ баст. Дар маросими расмӣ беш аз 100 қаҳрамон ширкат дошт.
Муҳаммад Алӣ (Кассиус Клей) солҳост, ки аз маризии «паркинсон» (навъе аз касалии системаи марказии асаб) азият мекашад.Алӣ аз соли 1964 то 1966 ва аз соли 1974 то 1978 қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар вазни вазнин буд. Дар ринги касбӣ ӯ 56 маротиба дастболо шуда, ҳамагӣ панҷ дафъа мағлуб гардидааст. Соли 1999 бошад, маҷаллаи «Sports Illustrated» ва расонаи ВВС ӯро «Варзишгари аср» эълон карданд.