Кодикология барои олимон ва мутахассисони ҷавон. Дар пойтахт
Аз 11-ум то 18 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе курси махсуси кӯтоҳмуддати кодикология (нусхашиносӣ) баргузор мегардад.
Тавре Гуландом Набиева, ҳамоҳангсози барномаҳои «Фарҳанг ва ҳунар»-и Иститути «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад ба Озодагон хабар дод, кодикология илмест, ки усулҳои муайян кардани давраи навишт, ҷойи навишт ва коғази дастхатро меомӯзад, то минбаъд барои гурӯҳбандӣ, тармиму нигоҳдорӣ ва омӯзиши арзиши илмиву бадеии дастхат истифода шавад.
Феълан, дар ягон макотиби олии Тоҷикистон, ки шарқшинос ва ё санъатшинос тайёр мекунанд, кодикология омӯзонида намешавад. Ин нуктаро ба назар гирифта, Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва дастхатҳои Академияи улуми ҶТ дар ҳамшарикии Китобхонаи миллии Фаронса ва Иститути «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон лоиҳаи махсусро таҳия карданд, ки омӯзиши мутахассисони ҷавонро фаро мегирад. Курси мазкурро мудири шӯъбаи дастхатҳои Китобхонаи миллии Фаронса, директори Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказии Фаронса, доктор Франсис Ришар мегузаронад.
-Дар ин бозомӯзӣ кормандони Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва дастхатҳои АУ ҶТ ва мутахассисони институту муассисаҳое, ки бо дастхатҳо кор мекунанд, иштирок мекунанд,-афзуд манбаъ.