С. Абдулқодирзода: Мондани риш ва ё бастани сатр ба худи мардум ва имони онҳо марбут аст
Дар ин бора райиси Маркази исломии Тоҷикистон зимни як мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз доштааст.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар посух ба суоли журналист дар мавриди ришу ҳиҷоб ва асноди расмӣ гуфтааст, ки чун давлати Тоҷикистон демократӣ ҳаст ва мондани риш ва ё бастани сатр ба худи мардум ва имони онҳо марбут аст: «Маркази исломии Тоҷикистон ҳам он чизеро мегӯяд, ки дар мазҳабамон омадааст ва аз пеши худ ҳеч чиз гуфта наметавонад. Дини ислом низ динест, ки он чизеро мегӯед, бояд бо далел гӯед, агар далел надошта бошед, гуфтаатон эътибор надорад ё мардуд аст».
Маврид ба ёдоварист, сару садо ва баҳсҳо атрофи ришу ҳиҷоб ҳарчанд мавзӯи нав нест. Аммо дар шиносномаҳои дохилии Тоҷикистон акси мардони то 40-сола бо риш қабул карда намешавад. Ба замми ин, дар бархе аз донишгоҳу донишкадаҳо ва идораҳои давлатӣ бо ҳиҷоб (сатр) ворид шудани бонувон манъ карда шудааст, ҳарчанд ин қарор расман дар матбуоту расонаҳо эълон нашудааст.