Қудси шариф сабти ҷаҳонӣ шуд
Дар сеюмин иҷлоси кумитаи Мероси ҷаҳони Ислом (Ойсеску) теъдоде аз парвандаҳои сабти осори кишварҳои исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилоъи хабаргузории Форс, Қудси шариф дар Фаластин ба унвони нахустин парванда дар ин иҷлос бо ҳадди аксари оро (овозҳо) ба сабт расид. Дар шароите, ки Фаластин дучори даргириҳои бисёрест, хушбахтона Қудс ба сабти ҷаҳонии Ислом расид, ки дар ин росто кишварҳо бар ҳифозат ва мараммати он иқдом хоҳанд кард.
Гуфтанист, ба далели ин ки ЮНЕСКО осори маҳдудеро метавонад ба сабти ҷаҳонӣ бирасонад, ин иҷлос барои кишварҳои ҷаҳони Ислом шакл гирифтааст, то феҳристи ҷомеъе аз осори фарҳангӣ ва таърихии кишварҳои исломӣ ҷамъоварӣ ва нисбат ба ҳифозат ва мараммати онҳо иқдом шавад.