Роҳандозии ҳамкориҳои Чин бо «Амонатбонк»
4-уми декабр Гулнора Ҳасанова, раиси «Амонатбонк» бо Фан Сянжун, сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд.
Зимни ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории судманди ду ҷониб марбут ба соҳаи бонкдорӣ ва вусъат ёфтани муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоии Чин ва Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Дар ин нишаст Ли Чао, директори Иттиҳодия истеҳсолии «Цзинян Инхай» перомуни масъалаи ҳамкорӣ бо «Амонатбонк» барои сохтмони корхонаи калони истеҳсоли намудҳои гуногуни тухмӣ барои зироатпарварӣ ва рушди ин соҳа андешаҳои худро баён намуда иброз дошт, ки як самти рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин барои имрӯзу фардои ин кишварҳои дусту ҳамсоя дар самтҳои мухталиф ҳамкорӣ намудан аст.