ТV АВС 7 ба таблиғи Тоҷикистон шурӯъ кард
Сафорати Тоҷикистон дар Амрико барои муаррифии бештари ҷумҳурӣ дар хориҷ, бо шабакаи ABC 7, NewsChannel 8-и Амрико, қарордод имзо кардааст.
Бар асоси ин шартнома, шурӯъ аз рӯзи гузаштаи 3-юми декабр намоиши навори видеоии таблиғотӣ оид ба Тоҷикистон оғоз гардид.Тибқи ин санади ҳамкорӣ, навор ҳамарӯза ба муддати 30 сония (дар як рӯз 7 маротиба, дар як ҳафта 30 маротиба, ҳамагӣ 90 маротиба) то 21-уми декабри соли равон тавассути пахши барномаҳои иттилоотии шабакаи мазкур пешкаш мегардад.
Шабакаи телвизионии АВС яке аз ширкатҳои бузург ва бонуфуз дар Амрико ба шумор рафта, дар сартосари ин кишвар миллионҳо бинанда дорад. Доираи асосии тамошобинони шабакаро мансабдорони Кохи Сафед, вакилони Конгресс, намояндагони ширкатҳои хусусӣ ва аҳолии штатҳои соҳили шарқии мамлакат ташкил медиҳанд.
Канали иттилоотии ABC 7, NewsChannel 8 тақрибан 20 сол қабл таъсис ёфта, ба медиа-холдинги Allbritton Communications Company тааллуқ дорад.