Ин иттилоъро ба хабаргузории Озодагон аз Сафорати Фаронса дар Душанбе ироа доштанд.
Тибқи хабари манбаъ, Фаронса ба таври ройгон ба Тоҷикистон ба миқдори 600 ҳазор адад ваксина алайҳи бемории фалаҷ (полиомиелит) ирсол карда, ин маводи тиббӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба намояндагони ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон ба раҳбарии намояндагони дафтари Сандуқи Кӯдакони СММ, ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон супорида шуд. Ин кӯмаки ройгони тиббӣ бо дархости Вазорати тандурустии Тоҷикистон ирсол гардида, маблағи умумии он ҳудуди 170 ҳазор евро мебошад.
Маврид ба таъкид аст, ки бурузи бемории фалаҷ дар Тоҷикистон дар соли 2010 ба қайд расида буд ва дар пайи он маъракаи эмкунии кӯдакону наврасони кишвар оғоз гардид. Шурӯъ ах моҳи майи соли 2010 то июли ҳамон сол дар се марҳила дар сартосари Тоҷикистон беш аз 1 миллион нафар кӯдаки то панҷсола эм карда шуданд.