Масъулини БМ-и Тоҷикистон дар пойтахти шимолии Русия
Рӯзи 23-юми ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми «Ҳамгироии АвруОсиё» оғоз гардида, алъон идома дорад.
Тибқи иттилои Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ, райиси ин ташкилот-Армен Смбатян дар ҳошияи анҷуман бо ҳайати намояндагони ҷавони аҳли тиҷорат ва ҷамъиятии кишварҳои аъзои ИДМ мулоқот дошт. Номбурда ба меҳмонон аз самтҳои асосии фаъолияти Бунёд ва лоиҳаҳои нави он нақл карда, зарурати ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ аз рӯи самтҳои мухталифро ба таври махсус қайд намуд.Дар ҷараёни мулоқот масоили муҳими ҳамкорӣ ва равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Вакилон аз лоиҳаю дурнамое, ки баъди иштирок дар барнома ба миён омадаанд, нақл карданд.
Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар ин нишаст кормандони Бонки миллии кишвар намояндагӣ мекунанд.