Муҳоҷирони ноболиғ аз таълим дур мондаанд
Масъулини Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон аз вазъи фелии муҳоҷирони ноболиғи тоҷик дар Қазоқистон огоҳ шуда, баҳри чораҷӯӣ намудан сари ин масъала Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро низ оғоҳ намудаанд.
Малика Мирбобоева, намояндаи ин созмон дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон иброз намуд, ки дар Қазоқистон муҳоҷирони ноболиғи тоҷик аз таълим дур монда, даст ба ҳар гуна корҳо задаанд ва дубора намехоҳанд дарс хонанд: «Мо аз Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Қазоқистон маълумот гирифтем, ки дар он ҷо як гурӯҳ ноболиғон- шаҳрвандони Тоҷикистон пойафзол мефурӯшанд. Онҳо ҳамагӣ 15-16 сола мебошанд. Ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳамин маълумотро додем ва гуфтем, ки сари ҳамин масъала ягон чора андешидан лозим. Намояндагии созмони мо дар Остона гуфтанд, ягона роҳ тибқи қонунгузорӣ онҳоро мумкин депортатсия кардан лозим, вале фикр мекунем, ки онҳо барои рӯзгузаронии хонаводаашон кор мекунанд ва ин кор шояд ба онҳо зарари бештар орад».
Ин ҳамсӯҳбатамон қайд намуд, ки зимни мулоқот бо ин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии ноболиғ маълум гардид, ки онҳо барои рӯзгузаронии оилаҳои худ дар ин кишвар кор карда истодаанд.
Малика Мирбобоева мегӯяд, ҳарчанд аз ин ноболиғон хоҳиш намудаанд, ки дар худи Қазоқистон барояшон курсҳои омӯзишӣ мекушоянду омада хонанд, онҳо рад намудаан ва дар ҷавоб гуфтаанд, ки « Мо бояд инҷо танҳо кор кунем».
Номбурда иброз дошт, ки дар ҳоле, ки худи ин муҳоҷирони ноболиғ намехоҳанд таълим гиранд, онҳоро СБМ маҷбур карда наметавонад.
Бино ба иттилои манбаъ, ин қабил муҳоҷирони меҳнатии ноболиғ ба масъулини СБМ таъкид намудаанд, ки дар ин кишвар бояд фақат кор кунанд, зеро ба хонаводаашон пул фиристонданашон лозим.
Бояд зикр намуд, айни ҳол шумораи муҳоҷирони ноболиғи тоҷик дар Русия беш аз 50 ҳазорро ташкил медиҳад.
Муҳоҷирати ноболиғон ба Русия, ки яке аз кишварҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад, дар ҳоли афзоиш ёфтан аст.