Бонки миллӣ: Ба суръати таваррум гаронии нархи орду гандум таъсир расондааст
Афзоиши омилҳои беруна ва болоравии нархи ҷаҳонии орду гандум сабаби аслии суръати таваррум дар кишвар гардид.
Сатҳи таварум дар нуҳ моҳи соли равон 3,0 фоизро ташкил дода, меъёри он аз аввали сол ба 5,6 фоиз расид. Тавре ба Озодагон аз Бонки милли Тоҷикистон хабар доданд, номӯътадилии сатҳи нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ бештар ба номусоид омадани обу ҳаво дар кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти ғалладона вобаста аст.
Манбаъ афзуд, қимат намудани боҷи гумрукӣ барои содироти маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби кишварҳои содиркунандаи нафт ҳам таъсири манфии худро ба болоравии нархи гандум, орд ва маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ оварда расонид: «Дар натиҷа сатҳи таваррум дар ин давра 3,0 фоизро ташкил намуд, ки бештар аз ҳисоби болоравии нархҳои маводӣ озуқа (4,5%) ба вуқӯъ пайваст».
Бонки милли Тоҷикистон дар ин давра барои пешгирии болоравии сатҳи таваррум, бо истифода аз воситаҳои монетарӣ тадбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро, ки ба мӯътадилии сатҳи нархҳо нигаронида шудааст, идома дод.