Боздошти ду мард бо иттиҳоми ғасби замин дар пойтахт
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни амалиёти махсус ошкор карданд, ки дар пойтахт бидуни асноди зарурӣ манзили зист бунёд гардидааст.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар пайи амалиёти кормандони ШВКД ноҳияи Шоҳмансур муайян карда шуд, ки шаҳрванд Назаралӣ Шарипови 44 сола, сокини кӯчаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур дар гузаргоҳи 3-юми кӯчаи Қаротегин, бе ягон ҳуҷҷати дахлдор 0,06-гектар қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, ғайриқонунӣ манзили истиқоматӣ бунёд намудааст.
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин ба ҳамин ҳодиса монанд аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Сино-2 муайян карда шуд, ки шаҳрванд Баҳриддин Назарови 37 сола, сокини кӯчаи Камола, дар кӯчаи Қаротегин бе ягон ҳуҷҷати дахлдор, 10-гектар қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, ғайриқонунӣ манзили зист сохтааст.
Феълан нисбати номбаршудагон парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.