Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон сарвари гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар нишаст масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баррасӣ гардид.
Тодд Шнайдер аз натиҷаҳои кори гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор бо масъулини бахши иқтисодии Тоҷикистон, ки як ҳафта идома дошт, ахбор дода, аз ҷумла иброз намуд, ки беш аз 6% афзоиш ёфтани ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аломати барқароршавии иқтисодиёти он баъди бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ аст.
Қайд шуд, ки хазинаи байналмилалии асъор ва созмонҳою кишварҳои мададрасон таъсири болоравии нархи сўзишворӣ ва озуқа дар бозори ҷаҳониро ба иқтисодиёти Тоҷикистон пайваста зери назар доранд, то ки тадбирҳои муштараки саривақтӣ барои дастгирии рушд ва пешгирӣ аз тамоюлҳои номатлуби макроиқтисодӣ андешида шаванд.
{jathumbnail off}