Теъдоди китобҳои дарсӣ коҳиш меёбад
Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ, вазири омӯзишу парвариш (маориф)-и Эрон ба хабаргузории "Форс" дар бораи барномаи ин вазоратхона барои коҳиши китобҳои дарсӣ иброз дошт.
Номбурда гуфтааст, ки иттилоотро намехоҳем кам кунем, балки ба дунболи ин ҳастем, ки ба ҷои ҳаҷм ва сатҳи зиёд, умқи зиёд ба донишомӯзон ироа диҳем ва дар ин барнома ба мутаносибсозии китобҳо ва соатҳои дарсии ёдшуда таваҷҷӯҳ намоем. Вай афзуд: «Вақте мегӯем донишомӯз ба ҷои 9 китоб 5 китоб дошта бошад, ба ин маънӣ нест, ки 4 китобро ҳазф мекунем, балки ба унвони мисол китоби таърих, ҷуғрофиё ва иҷтимоиро як китоб мекунем ва "Мутолиоти иҷтимоӣ" мешавад ва саъйи мо ин аст, ки донишомӯз дар мадраса фаъол шавад, амалиётӣ вуруд пайдо карда ва андеша кунад».
Ҳоҷибобоӣ дар поён гуфт, мо намехоҳем, ки донишомӯз 20 китобро аз бар намояд ва баҳои 20 ҳам гирад, аммо аз мадраса, ки берун рафт, аз он иттилоот чизе боқӣ намонад ва мо ин низоми омӯзиширо намехоҳем.