Барои навсозии «Шарқи Озод» беш аз 11 миллион евро пешбинӣ шудааст
Лоиҳаи навсозии комплекси табъу нашри «Шарқи Озод» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин лоиҳа рӯзи 29-уми ноябр зимни вохӯрии Давлаталӣ Саидов, раиси кумита бо Др Бернд, директори депортаменти маблағгузориҳои содиротии «Ландес Бонк» матраҳ карда шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, баррасии лоиҳаи навсозии Комплекси табъу нашри «Шарқи Озод» бо мақсади харидории таҷҳизотҳои замонавӣ барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъидошта ва кортҳои пластикӣ ба маблағи 11,4 миллион евро пешбинӣ гардидааст.