Намоишномаи «Ҳаёти косиб» дар намоишгоҳи зимистонаи косибон
Дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе рӯзҳои 8-9-уми декабри соли равон ярмаркаи анъанавии зимистонаи косибон баргузор хоҳад шуд.
Тавре ба Озодагон Сарвиноз Ҳоҷиева, диретори Созмони ҷамъиятии «Иттифоқи косибони Тоҷикистон» иттилоъ дод, дар ярмаркаи мазкур намояндагон аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Маркази фарҳангии «Бохтар», Анҷумани миллии тиҷорати хурду миёна ширкат мекунанд.
Ярмаркаи анъанавии зимистонаи косибон бо дастгирии намояндагии Созмони «СESVI» (КЕСВИ) дар Тоҷикистон ташкил мешавад.
Манбаъ мегӯяд, зимни баргузории ярмарка намоишномаи «Ҳаёти косиб» дар иҷрои донишҷӯёни Коллеҷи давлатии бадеии ба номи Мирзораҳмат Олимов, филмҳои «Санъату касб дар қуллаи ҷаҳон» ва «Мӯъҷизаҳои Шарқ» ба намоиш гузошта хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, мутриби маъруфи тоҷик Акбар Рӯзиев ва гурӯҳи ӯ ҳунарнамои худро пешкаши ширкаткунандагони ин чорабинӣ мегардонанд.