Донишмандони тоҷик дар VIII-умин ҳамоиши мусалмонӣ дар Маскав
«Ҳамбастагии ҷомеаи мусалмонони кишварҳои ИДМ: дастовард ва ҳадафҳо», таҳти чунин унвон дар шаҳри Маскави Русия ҳамоиши VIII-уми мусалмонӣ баргузор гардид.
Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш арбобони дин, намояндагони ниҳодҳои расмии Русия, донишмандону таҳлилгарон, намояндагони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, кишварҳои соҳили Балтик, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ, роҳбарон ва намояндагони ҳайъати дипломатии муқими Маскав (аз ҷумла, сафорати Тоҷикистон) ва хабарнигорон иштирок намуданд.
Раиси муфтиёти Русия, шайх Р. Ғайнуддин чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, директори пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Русия В. Наумкин, муфтии Литва, раиси Идораи дини Қирғизистон, муовини муфтии Қазоқистон, узви Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия Р. Гаттаров, иддае аз сафирони кишварҳои хориҷӣ ва нафарони дигар дар бораи аҳамияти ҳамоиш, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мусалмонон, нақши тарбияву омӯзиш, зарурати тавсеаи ҳамкорӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ, ба хусус дар паҳнои кишварҳои ИДМ, изҳори назар карданд.
Манбаъ мегӯяд, дар чаҳорчӯби нишасти мазкур ду конфронс-яке - V-умин конфронси байналмилалии омӯзишӣ бо номи «Андозаҳои байналмилалии омӯзиши исломӣ дар Русия» ва дигаре Конфронси илмию амалии «Навсозӣ ва анъанаҳо дар олами мусалмонон дар ростои дигаргуниҳои ҷаҳонӣ» сурат гирифт: «Дар конфронси дуюм, дар бахши якум «Такомули уммати ҷаҳонӣ: ҷанбаҳои динӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ»-ро ёвари Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии он Академия Файзулло Бобоев бо маърӯзае зери унвони «Қуръоншиносӣ ва илми ҳадис дар Тоҷикистон» баромад кард».
Донишманди тоҷик дар бораи тарҷумаи пешинаи Қуръони шариф ба забони тоҷикӣ- форсӣ дар дарозои таърих сухан ронда, аз тарҷумаҳои шифоҳӣ, ки то садаи X роиҷ буд, ибрози андеша намуданд.
Донишманди тоҷик аз таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва барномаҳои омӯзишии он, бахусус таваҷҷӯҳи хос ба омӯзиши Қуръони шариф ва ҳадисҳо дар он донишкада низ ёдовар шуданд.
Дар фарҷоми ин нишаст ду нусхаи дастхати қадимтарини Қуръони карим (дар шакли электронӣ) мансуб ба асри XIII ва XVIII ва дорои тарҷумаи таҳтуллафзии тоҷикӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд.