Муҳиддин Кабирӣ дар Лондон бо дипломатҳои англису финландӣ мулоқот кард
Бо ташаббуси Институти омӯзиши ислом ва араби донишгоҳи Эгзетери Лондон таҳти унвони «Ислом дар Осиёи Марказӣ» конфронси байнулмилалӣ баргузор шуд.
Тибқи иттилои дастгоҳи марказии ҲНИТ, дар ин маҳфили илмӣ Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кард: «Ҷавҳари аслии маърузаи оқои Кабирӣ равандҳои муҳими ин минтақа дар иртибот бо дин, роҳҳои муқобала бо ифротгароӣ ва вазъи Осиёи Марказӣ пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон иборат буд».
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар ба Лондон инчунин дар Маркази таҳлилии «Chatham House» мулоқоти райиси ҲНИТ бо коршиносон ва дипломатҳои муқими Лондон баргузор гардидааст. Гуфта мешавад, дар ин сафар Муҳиддин Кабирӣ бо муовини роҳбари Департаменти Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Британия хонум Дайен Мак Келвей ва сафири Финландия дар Тоҷикистон хонум Туула Юрелу мулоқот дошт.