Ҷойизаи «Майдони Ат-таҳрир» ба филмҳои инқилоби арабӣ
Ба гузориши хабаргузории "Форс", ба сабаби тазоҳуротҳои ахир дар Миср Вазорати фарҳанги ин кишвар баргузории маросими ифтитоҳияи Ҷашнвораи филм дар Мисрро бекор намудааст.
Аммо муҳимтарин нукта дар бораи ин ҷашнвораро метавон ихтисоси бахши хосе ба унвони инқилобҳои арабӣ дар синамо донист, ки дар он 6 филм, аз ҷумла 3 филми мисрӣ, 1 филми фаронсавӣ,1 филми тунисӣ ва низ 1 мустанади муштараки мисрӣ- алҷазоирӣ ҳузур доранд.
Иззат Абуавф, раиси ин ҷашнвора гуфтааст, дар ҷашнвораи мазкур як ҷоизаи нав бо номи ҷойизаи «майдони Ат- таҳрир" қарор додем, ки махсуси филмҳоест, ки дар бораи инқилобҳои арабӣ сохта шудааст.
Гуфтанист, дар ҷашнвораи филми Қоҳира имсол аз чандин кишвари дунё 66 филм ҳузур ёфтааст, ки танҳо 2 филми он сохтаи синамогарони Миср мебошад.