Иштироки тоҷикон дар «Ҳафтаи ИДМ»
«Ҳафтаи ИДМ», таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии шаҳри Маскави Русия ҳамоише оғоз гардид.
Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин чорабинӣ кормандони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷи муқими Маскав, аз ҷумла сафоратҳои Беларус, Молдова, Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Русия, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат карданд.
Торкунов. А, ректори донишгоҳи мазкур аз аҳамияти чунин маҳфилу ҳамойишҳо, рисолати дипломату дипломатия дар роҳандозӣ ва тавсеаи муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо сухан ронда, дар бораи гузашта ва сатҳи кунунии равобит миёни кишварҳои узви ИДМ, раванди ноҳамвори пешрафту ҳамкорӣ ёдовар шуд.
Номбурда изҳори умед кард, ки дипломатҳо, аз ҷумла донишҷӯёни ин даргоҳи илмӣ дар бартарафсозии мушкилиоҳо, рафъи ихтилофи назарҳо ва эҷоди замина ба робитаҳои беш аз пеш наздику самарабахш миёни давлатҳои узви ИДМ бештар саҳмгузор хоҳанд буд.
Манбаъ мегӯяд, «Ҳафтаи ИДМ» то 30-уми ноябр идома ёфта, 12 дастаи донишҷӯён (ҳар кадом иборат аз чор нафар) перомуни масъалаи ҳалталаб дар доираи ИДМ, монанди раванди ҳамгироӣ, сиёсати муҳоҷират ва иқтисоду тиҷорат, инчунин имкони роҳандозии воҳиди ягонаи пулӣ табодули назар хоҳанд кард.
Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии шаҳри Маскав ҳанӯз аз даврони шӯравӣ яке аз маъруфтарин мактабҳои олӣ шинохта шуда, даҳҳо сиёсатмадорону дипломатҳои варзида, аз ҷумла чанд тоҷикистонӣ парвардаи он даргоҳи илмӣ мебошанд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 30 донишҷӯи тоҷик дар ин донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.