Нобоварии аъзоёни ҲДТ аз Масъуд Собиров
Бархе аз аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хостори баргузории анҷумани фавқулоддаи ин ҳизб шуда, ба Масъуд Собиров, райиси феълии ин ташкилоти сиёсӣ изҳори нобоварӣ кардаанд.
Дар номаи дастаҷамъии эшон, ки онҳо 19 нафар мебошанд, гуфта мешавад, ки таҳти роҳбарии Масъуд Собиров ин ҳизб ба парокандагии бештар рӯ ба рӯ шуд ва эътибори он на танҳо дар саҳнаи сиёсӣ, балки дар миёни сокинони кишвар низ коҳиш ёфт. Онҳо барои даъвати анҷумани фавқулодда Кумитаи тадорукот таъсис додаанд. Табаралӣ Зиёзода, котиби ин Кумита мегӯяд: "Мутаассифона, умеди демократҳо аз Масъуд Собиров пуч баромад ва ба он арзишҳое, ки аъзои ҳизб мехостанд мувофиқат накард.
Собиров худаш намедонад бо кӣ имрӯз ҳамроҳ аст, чун муовинони якум ва дуюмаш аллакай бо ӯ нестанд. Раёсаташ умуман кор намекунад. Мо ба вақти гузарондани Анҷуман тамоми созмонҳои ҳизбро новобаста аз мавқеашон даъват мекунем. Бигзор, ҳамин анҷуман ҳал кунад, ки раёсат аз киҳо иборат мешавад, кадом самтро интихоб мекунад ва чӣ тавр бо созмонҳои маҳаллии худ ин раёсат кор мекунад. Ҳадаф дар асоси оиннома муттаҳид кардани ҳама аъзои ҳизб аст."
Маврид ба ёдоварист, ҳанӯз аз охири соли 2005 дар дохили ҲДТ муноқиша ва кашмакашҳои сиёсӣ ба вуҷуд омада буд ва дар ҷараёни яке аз анҷуманҳои ҳизби мазкур дар соли 2006 Масъуд Собиров райиси он интихоб шуд. Ба ҳамин сурат, Вазорати адлияи кишвар низ қарори ин анҷуманро эътироф кард. Ин дар ҳоле буд, ки як сол қабл аз он, раиси ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров барои 23 сол равонаи зиндон шуда, муовинаш Раҳматулло Валиев аз ХДТ сарпарастӣ мекард ва даъво дошт, ки Искандаров ба ҳайси раис боқӣ монад.