Нимаи аваали имрӯз, 27-уми ноябр дар яке аз қисмҳои низомии гарнизони Душанбе 75 нафар навдаъватшудагон барои хизмат ба халқу ватани худ савганд ёд карданд.
Маъракаи савгандёдкунӣ бо иштироки волидони наваскарон сурат гирифт, ки дар ҷараёни чорабинии мазкур полковник-Изатулло Қурбонов, сардори раёсати қушунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолотҳои фавқуллодаи кишвар навдаъватшудагонро барои ворид шудан ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ ва савганди ҳарбӣ ёд карданашон табрик намуда бо ишора ба наваскарон афзуд: «Барои он ки ин сарзамин ва ин марзу бум насиби миллати куҳанбунёди тоҷик бошад Шумо насли ҷавон бояд онро самимона дӯст доред ва ҳар як ваҷаби хоки ин сарзаминро чун гавҳараки чаш нигоҳ доред ва садоқати худро ба халқу ватан нишон диҳед ва барои муҳофизати ватан ҳиссагузор бошед».
Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳамаи сарбозоне, ки ба қисмҳои низомӣ шомил гардидаанд, ба курсҳои кӯтоҳмуддати ибтидоии ҳарбӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамаи наваскарон баъди шомил шудан ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ дар қисмҳои низомӣ ба таълиму тарбия ва дар курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии ибтидоӣ ҷалб карда мешаванд. Ин гуна курсҳо дар бисёре аз қисмҳои низомӣ созмон ёфта, наваскарон ба ҳайси сарбозони комилҳуқуқи қувваҳои мусаллаҳ савганди ҳарбӣ ёд мекунанд.
Гуфта мешавад, феълан дар бисёре аз қисмҳои низомӣ, навъҳои қувваҳои мусаллаҳ, ҷузъу томҳои алоҳидаи тобеи вазорати мудофиа ва умуман дар дигар сохторхои
қудратии мамлакат маросими савгандёдкунии наваскарон ҷараён дорад.
Дар ин чорабинӣ қайд гардид, даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи артиши миллӣ дар Тоҷикистон, ки давоми ду моҳ идома дошт, сад дар сад иҷро шуд.