«Агро-информ» бозори Исфараро дар рӯйхати қиматфурӯшон қарор дод
Масъулини ташкилоти «Агро-информ»и Тоҷикистон мегӯянд, арзиши маҳcулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшти гӯсфанд дар бозори марказии шаҳри Хоруғ нисбат ба бозорҳои Душанбе 24 дарсад арзон ба фурӯш гузошта шудааст.
Тавре ба Озодагон аз ташкилоти мазкур хабар доданд, нархи як кило гӯшти гӯсфанд дар бозори марказии шаҳри Хоруғ 25 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст, вале ин нишондод дар бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе 32 сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзӯд, аз ҳама нархи гарони гӯшти гӯсфанд дар бозори марказии шаҳри Исфара мушоҳида шуд: « Дар он ҷо як кило гӯшти гӯсфанд ба нархи 35 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб 30 сомонӣ ва дар бозори марказии шаҳри Истаравшан 33 сомонӣ арзиш дорад».
Ба иттилои ин ширкат, аз ҳама нархи арзони гӯшти гӯсфанд дар бозори марказии ноҳияи Рашт мушоҳида гардид, ки як килои он 29 сомониро ташкил медиҳад.