Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа бо маърӯзаи ҳисоботӣ роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси раёсати «Амонатбонк»- Гулнора Ҳасанова баромад намуда, оид ба дастоварҳои ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ тӯли солҳои сипаришуда маълумот дод. Ҳамзамон, таклифу пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро оид ба фаъолгардонии маблағгузорӣ, лоиҳабандӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамолики аъзои СҲШ, ба шикаткунандагон пешкаш намуд. Бо анҷоми кори ҷаласа аз тарафи иштирокдорон санади марбута ба имзо расида, як зумра мулоқоту гуфтушунидҳо гузаронида шуд. Раиси раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо нойиб - райиси Бонки давлатии рушди Хитой Гао Тсзян ва масъулини раёсати ҶС «Бонки Рушди Қазоқистон» мулоқоти ғайрирасмӣ доир намуд, ки дар рафти онҳо масоили вусъати ҳамкориҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
{jathumbnail off}