30-юми июн ҷаласаи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Тавре ба «Озодагон» аз мақомоти иҷроияи ҳукумати пойтахт иттилоъ доданд, нишасти мазкур дар маҷмааи «Маркази равобити пойтахт» сурат пазируфта, ба рӯзномаи он масоили зерин ворид гардидаанд:дар бораи гузориши райиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони интихобшуда аз ҳавзаҳои 23 ва 57-и пойтахт, дар бораи омодагии пойтахт ба таҷлили 20-солагии ҷашни истиқлолият.
Ба ҷуз ин, ҳисоботи муовини райиси шаҳр С.Раҳимова дар бораи натиҷаи татбиқи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2003-2010 шунида мешавад.Масоили гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модару кӯдак ва нақлиёту коммуникатсия низ аз мавзуоти матраҳшавандаи ҷаласаи мазкур маҳсуб мешаванд.
Ҷаласаи номбурда таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 30-уми июни соли равон баргузор хоҳад гашт.
{jathumbnail off}