Темур Варқӣ барои баргардони осори Ҳофизи Шерозӣ соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Хабарнигор ва шоири русзабони Тоҷикистон, дар ҷашнвораи байналмилалии адабӣ дар Қирғизистон ин ҷоизаро ба даст овардааст.
Дар сӯҳбат бо хабаргузории Озодагон номбурда гуфт, дар ин ҷашнвора барои баргардони ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ ба забони русӣ дар бахши тарҷумонӣ ҷойгоҳи сеюмро ба даст овардаам.Темури Варқӣ яке аз хабарнигорони сермаҳсул дар Тоҷикистон аст ва дар навиштани шеър ба забони русӣ низ дасти тамом дорад.
Бояд гуфт, ҷашнвораи байналмилалии адабӣ тайи ду рӯзи гузашта- аз 24 то 25-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шуд ва ҳайъати доварони ҷашнвора, осори адибонро бо панҷ забон, аз ҷумла тоҷикӣ, ӯзбакӣ, қирғизӣ, қазоқӣ ва инглисӣ баҳогузорӣ карданд. Зимнан, беш аз 140 адиб аз 12 кишвари ҷаҳон ба ин озмун осори офаридаи хешро пешниҳод карданд.
Мақоми аввалро бошад, дар бахши осори адабӣ Галина Долгая, нависандаи русзабони муқими Ӯзбакистон сазовор шуд.