Кӯлоб: Эҳтиёҷмандон зиёд, аммо масъулин «масъулият» надоранд
Дар ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳия Кӯлоб барои бунёди манзили зист 87 гектар замин ҷудо карда шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, Сафар Ҷабборов, заминсози ҷамоат мегӯяд, баъди ташхиси комиссияи вижа дар соли 2011 аз ин миқдор танҳо 40 гектараш аз санҷиш гузашта, барои тақсимот пешниҳод гардид: «17 гектараш барои бунёди хона маъқул дониста шуда, 23 гектари дигар барои хонасозӣ «ғайриимкон» баҳогузорӣ шуд».
Аммо бо сабабҳои номаълум, ҷаноби Ҷабборов шумораи умумии эҳтиёҷмандон ва аризадодагонро барои қитъаи замини хонасозӣ барои мо гуфтан нахост.
Ҳамзамон, дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ҳамин ноҳия низ тибқи нақшаи пешакӣ 105 гектар замин барои сохтмони манзили зист ба эҳтиёҷмандон ҷудо гардида буд. Ба иттилои Ҳошим Абдулҳақов, раиси ҷамоати мазкур, соли гузашта барои 190 нафар қитъаи замин додаанду бас. Иллати тақсим нагаштани қитъаҳои замини хонасозиро ӯ бо як ҷумла маънидод кард: « Сабаб дар он буд, ки тибқи дархости ҳукумати шаҳр ҳар эҳтиёҷманд бояд барои лоиҳаи меъморӣ 400 сомонӣ ва сертификат 294 сомонӣ пардохт мекард, аммо мардум намехоҳанд онро пардохт намоянд».
Ин дар ҳолест, ки дар ҷамоатҳои мазкур садҳо нафар барои гирифтани қитъаи замин барои бунёди манзили зист ариза дода, садҳо нафари дигар эҳтиёҷ ба он доранд.
Аммо ба қавли Тоҳир Саидов, раиси кумитаи заминсозии минтақаи Кӯлоб, танҳо дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб «баъди ташхиси дуввумбораи комиссияи махсус 117 гектар замини дар нақша пешбинишуда «ғайриимкон» дониста шудааст».