Нархи бензин дар «Бекобод»-и Суғд 3 сомонӣ шуд
Аз моҳи августи соли равон то ба имрӯз нархи бензин дар Тоҷикистон 6% қимат шудааст.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки айни ҳол нархи миёнаи як литр бензин дар пойтахти кишвар 6 сомонию 80 дирамро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо нишондоди моҳи август беш 40 дирам афзоиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир як литр бензини навъи АИ-92 бо нархи 6 сомонию 70 дирам ва навъи АИ -95 ба ивази 6 сомонию 90 дирам фурӯхта мешавад.
Болоравии нархи бензин дар пойтахт дар ҳоле сурат мегирад, ки масъулини ташкилоти «Агро-информ»-и Тоҷикистон арзиши як литр бензинро дар бозори «Бекобод»-и вилояти Суғд, ҳамсарҳад бо Зафарободи Ӯзбакистон нисбат ба бозорҳои Душанбе беш аз 2 маротиба арзон арзёбӣ мекунанд: «Нархи як литр бензин дар бозори «Бекобод» 3 сомониро ташкил медиҳад, вале тоҷирони бозори Душанбе ин навъи сӯзишвориро ба ҳисоби миёна 6 сомонию 60 дирам мефурӯшанд».
Тибқи иттилои манбаъ, нархи аз ҳама гарони бензин дар бозори марказии ноҳияи Рашт ва бозори марказии шаҳри Хоруғ мушоҳида карда шуд, ки дар он ҷо як литр бензин ба нархи 6 сомонию 80 дирам ба фурӯш гузошта шудааст.
Аз ҳама бензини арзон пас аз бозори «Бекобод» дар бозори «Бӯка» ҳамсарҳад бо Мастчоҳ (Ӯзбакистон)мушоҳида гардид, ки як литри он ба маблағи 3 сомонию 20 дирам ба фурӯш гузошта шудааст.