Талаботи нафти Тоҷикистон: барои як сол 1 миллиону 605 ҳазор тонна
Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон талаботи солонаи кишварро ба нафт барои соли 2013 тибқи пешниҳодҳои ирсолгашта муайян намуданд.
Аз вазорати мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки талаботи Тоҷикистон ба нафт дар соли оянда 1 миллиону 605 ҳазор тонна мебошад, ки як миллионаш аз Русия, боқимонда аз дигар давлатҳо ворид карда мешавад. Гуфта мешавад, аз кадом давлат зиёд ворид шудани нафт, аз нарх ва сифати маҳсулоти воридшаванда вобаста буда, нархи нафт аз бозори ҷаҳонӣ ва давлатҳои истеҳсолкунанда ва ҳамчунин аз роҳкиро интиқоли ин навъи маҳсулот вобастагӣ дорад.
Манбаъ мегӯяд, бозорро рақобати солим муайян менамояд ва ширкату корхонаҳое, ки ба воридоти маҳсулоти нафтӣ машғул ҳастанд, бо ба имзо расидани Созишнома оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон метавонанд, фаъолияташонро давом диҳанд.