Тавре манбаъ изҳор намуд, сомнонаи www.poisk.tj дар гӯшаҳои худ иттилоъ оиди сину сол, акс, шумора ва дар кадом гӯшаи ҷаҳон бенишон шудани афроди гумгаштаи тоҷикро пахш хоҳад кард.
Хонуми Абдураҳмонова мегӯяд, ҳоло феҳрасти беш аз 600 нафар аз сокинони ҷумҳуриро дар даст дорад, ки бештаре ин шумор бар асари рӯйдодҳои маълуми солҳои 1992-1997 дар кишвар ва ҳам аз роҳи муҳоҷирати корӣ дар берун аз кишвар , бе ному нишон шудаанд. Ба таъкиди Абдураҳмонова маълумот оиди бенишон мондани афрод бо муроҷиати аъзоёни оилаи онҳо дастрас шудааст ва қариб ҳар рӯз оиди бе нишон шудани ҳадди аққал як нафар ба ӯ муроҷиат карда мешавад.
{jathumbnail off}