Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дар Вена
Дар ин шахр, ки пойтахти Австрия мебошад, Гул Шералӣ Канде Юмкелла, мудири кулли СММ дар бахши саноат мулоқот кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати энергетика ва саноати кишвар, дар ин нишаст ҷонибҳо масоили марбут ба тавсеъаи барномаҳои энергетикӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд: «Мулоқоти онҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи СММ бо номи “Энержии устувор барои ҳама” баргузор шуд. Қайд гардид, ки дар ояндаи наздик барои бахши озуқаи Тоҷикистон як миллион доллар ихтисос дода мешавад.
Ҳамзамон, Гул Шералӣ пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар бунёди шабакаи интиқоли неруи барқ бо номи CASA-1000 густариш ёбад.