Аснои мулоқоташ сафири тоҷик Зубайд Зубайдов бо муовини вазири корҳои хориҷии давлати Қатар Муҳаммад Румайҳӣ ҷониби он кишвар қайд кард, ки бояд дар фурсати кӯтоҳ комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар созмон ёфта, ба фаъолият оғоз намояд. “Бо ин мақсад аллакай як ҳайате дар Қатар ташкил дода шудааст ва дар вақтҳои наздик ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом хоҳад дод. Зимни сафари ин ҳайат дар шаҳри Душанбе бо ҷониби Тоҷикистон масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ муҳокима мешаванд”, - афзуд дипломати қатарӣ.
Дар сӯҳбате, ки сафири Тоҷикистон бо раиси ширкати ҳавопаймоии давлати Қатар Абдулазиз Нуаймӣ дошт, масъалаи кушодани хатти мустақими парвоз миёни шаҳрҳои Душанбе ва Доҳа матраҳ гардид. Абдулазиз Нуаймӣ изҳор дошт, ки ҷониби Қатар барои дар наздиктарин фурсат кушодани хатти мустақими парвоз миёни ду кишвар омода мебошад.
Манбаъи хабар меафзояд, зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Қатар бо директори иҷроияи ширкати “Диёр”-и давлати Қатар Муҳаммад Алӣ Ал-Ҳадфа масъалаи фаъолият ва сармоягузории ширкати “Диёр” дар ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муҳаммад Алӣ Ал-Ҳадфа иброз дошт, ки мутаассифона муддати чанд сол оғози фаъолияти ширкати мазкур дар Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. Ӯ таъкид намуд, ки роҳбарияти давлати Қатар вобаста ба таъхири фаъолияти ширкат дар Тоҷикистон норозӣ буда, хостори зудтар ба кор сар кардани он мебошанд. “Аммо ҳоло имконияту шароит барои шурӯъ намудани корҳо дар ин самт фароҳам омадааст. Созишномаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти ширкат баррасӣ гардида, ба вазорати ҳамкориҳои давлатӣ пешниҳод шудааст”, - гуфт дар анҷоми сӯҳбат сарвари иҷроияи ширкати «Диёр».
{jathumbnail off}