Нархи орди Қазоқистон дар Душанбе боло рафт
Масъулини Агентии омори назди президенти Тоҷикистон мегӯянд, давоми 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба миқдори 251 ҳазор тонна орд ворид гардидааст, ки ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 20% зиёд мебошад.
Афзоиши воридоти орд ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар иброз медоранд, ки нархи он боло рафтааст.
Аз вазорати мазкур ба Озодагон иттиллоъ доданд, ки тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши орди истеҳсоли Қазоқистон мушоҳида мешавад: «Дар қиёс бо нархҳои моҳи ноябри соли гузашта, нархи як халта орд 23 дарсад боло рафтааст. Яъне, моҳи ноябри соли гузашта як халта орд 125 сомонӣ арзиш дошт, аммо ин рақам имрӯз муодили 160 сомонӣ мебошад».
Муштариёни ин навъи маҳсулот низ гарон шудани орди истеҳсоли Қазоқистонро тасдиқ намуда, мегӯянд, ҳоло як халтаи онро бо арзиши беш аз 170 ва наздик ба 175 сомонӣ аз бозорҳо дастрас менамоянд.
Аммо дар сомонаи расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфта шудааст, ки нархи як халта орди истеҳсоли Қазоқистон расман дар бозорҳои пойтахт -«Деҳқон»-у «Шоҳансур», «Саховат» ва бозори «Варзоб» 160 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.