Маҳфили донишҷӯёни тоҷик дар Маскав
Дар шаҳри Маскави пойтахти Русия, дар донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия маҳфили байналмилалӣ бо номи «Кишвари азизи ман» бо иштироки донишҷӯёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, баргузор гардид.
Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон иттиллоъ доданд, ки пеш аз оғози маҳфил ва барномаҳои консертии донишҷӯён, ҳозирин бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва намунаҳои ошхонаи миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ шинос шуданд: «Сипас, дар толори асосии донишгоҳ барномаи фарогири фарҳангӣ намоиш дода шуд».
Манбаъ мегӯяд, барномаи донишҷӯёни тоҷик бо унвони «Кишвари кӯҳсори ман» ки дар он анвои либоси миллӣ ва рақсу таронаҳои манотиқи Тоҷикистон муаррифӣ гардид, аз сӯйи ҳозирин хуш пазируфта шуд.
Гуфта мешавад, чанд сол боз тоҷикистониёни зиёде донишгоҳи мазкурро хатм карда, дар ҳоли ҳозир беш аз 50 донишҷӯи тоҷик дар риштаҳои гуногуни ин даргоҳи илм ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.