Интиқоли оби нӯшокӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қатъ мегардад. Муваққатан
Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз ҳукумати пойтахт иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, бо мақсади иҷрои корҳои сохтмонӣ дар қубури гармитаъминкунии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва бо дарназардошти муроҷиати ширкати «Барқи Тоҷик» рӯзҳои 22-23-юми ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз соати 22-00 интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад. Шафқат Саидов, котиби матбуотии ҳукумати Душанбе ба Озодагон хабар дод, ки интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ: кӯчаҳои Шевченко, Шероз, Абдулло Командир, Бухоро (хонаҳои 1-28) ва Ҳ.Назаров аз соати 22- 00-и шаби 22-юми ноябр то соати 10-00-и рӯзи 23 ноябри ҷорӣ қатъ карда мешавад.
Зимнан, аз сокинони кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои 12-соат захира намоянд.