Никола Кавазович аз Тоҷикистон рафт
Никола Кавазович, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва ҳамзамон мураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои беҳтар намудани вазъи саломатиаш муваққатан аз Тоҷикистон рафт.
Фаридун Солиев,сухангӯи федератсияи футбол ба хабаргузории Озодагон иттиллоъ дод, ки Никола Кавазович дирӯз, 21-уми ноябр ба Белград сафар кард: «Никола Кавазович бояд як муддат дар мӯхити ором истироҳат кунад ва то баргаштани ӯ кори ӯро Мубин Эргашев пеш мебарад».
Дар назар аст, номбурда баъд аз соли нав дар сурати беҳтар шудани вазъи саломатияш, боз ба Душанбе баргардад.
Гуфта мешавад, се бозии охирини дастаи «Истиқлол»-ро дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд (22-юми нояб), «Энергетик»-и Душанбе (25-уми ноябр) ва «Равшан»-и Кӯлобро, (29-уми ноябр) мураббии калон Мубин Эргашев раҳбарӣ мекунад.