Бозори «Шоҳмансур» дар рӯйхати қиматфурушон
Нархи як кило асал дар ин бозор дар қиёс ба бозори марказии шаҳри Истаравшан беш аз 29 дасад зиёд аст.
Тибқи омор, ба ҳисоби миёна нархи як кило асал дар бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе 42 сомонӣ мебошад. Тавре ба Озодагон аз «АгроИнформ»-и Тоҷикистон хабар доданд, ин нишондод дар бозори марказии шаҳри Истаравшан 30 сомониро ташкил медиҳад. Манбаъ афзуд, аз ҳама нархи гарони асал пас аз бозорҳои Душанбе дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб мушоҳида шуд. Он ҷо як кило асал ба нархи 40 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Дар бозори «Марказӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ ва ҳамсарҳад бо Афғонистон як кило асал 36 сомонӣ арзиш дорад.
Ба иттилои ҳамин ширкат, аз ҳама нархи арзони асал дар бозори «Сух» ҳамсарҳад бо Исфара (Қирғизистон) мушоҳида гардид, ки як кило асал ба маблағи 27 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст.